589 ҳазору 480 сомонӣ- ҷарима барои сӯхтор
Кӯлоб, 29.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ба иттилои сардори шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии минтақаи Кӯлоб Ҳамзақул Нодиров дар соли 2014 дар минтақаи Кӯлоб 145 сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки зарари он 4 млн 374 ҳазору 343 сомониро ташкил дод. Дар ин давра 3 адад сӯхтор кам шуда, кормандони хадамот барои пешгирии сӯхтор санҷишҳои муштарак мегузаронанд. Ба гуфтаи манбаъ, сабабҳои асосии сар задани сӯхторҳо-ин вайрон кардани қоидаҳои васлкунии таҷҳизоти барқӣ, қасдан оташ задан, оташбозии кӯдакон, беэҳтиётӣ бо оташ мебошанд. Дар натиҷаи сари вақт хомӯш кардани сӯхторҳо ба маблағи 141 млн 986 ҳазору 475 сомонӣ молу амволи шаҳрвандон наҷот ёфт. Аз тарафи кормандони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ҳолати бехатарӣ аз сӯхтори иншоотҳои тобеи соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маориф ва ғ. санҷида шуда, нисбат ба 5620 корхонаю муассиса санад тартиб дода шуд ва 9 адад парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 255 қ.2 дар бораи таъйин намудани ҷазои маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ба маблағи 262 ҳазору 500 сомонӣ тартиб дода шуда, дар маҷмӯъ 589 ҳазору 480 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






