62% шаҳрвандон аз хориҷа ба ватан баргаштанд
Душанбе, 08.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҷиҳати муайян намудани омори дақиқ ва саҳеҳи рафтуомади шаҳрвандон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа ба ҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандон амалӣ мегардад.
Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар тўли 12 моҳи соли 2014 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 834 ҳазору 58 (соли 2013 -964.545) нафар шаҳрванд ба хориҷа сафар намуд, аз ин ҳисоб 685 ҳазору 316 (соли 2013 -806.564) мард ва 148 ҳазору 742 (соли 2013-157.981) зан мебошад.
Аз ин теъдод 670 ҳазору 806 (799.698) нафар бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуда, аз ҳисоби мардҳо — 564 ҳазору 390 нафар (698.823)(-134.433)(84,5%) ва аз ҳисоби занҳо — 106 ҳазору 416 нафар (100.875) (+5.541)(15,5%) муҳоҷирони меҳнатӣ буданд.
Аз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ 660 ҳазору 947 нафар (788.496) (-127.549) ё ин ки 98,4% ба Федератсияи Русия сафар намудаанд.
Ба гуфтаи сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллои Қодирӣ, Хадамоти муҳоҷират на танҳо шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, балки рафтуомади ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳисоб мегирад.
Дар 12 моҳи соли 2014 — 606 ҳазору 527 (781.715) нафар ё ин ки 62% шаҳрванд аз хориҷа ба ватан баргашт. Аз ин шумора 489 ҳазору 510 (80%) нафар мард ва 117 ҳазору 017 (20%) нафар зан мебошад.
Аз инҳо 453 ҳазору 985 (642.841) нафар (ё ин ки 72%) муҳоҷири меҳнатӣ мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






