676 ҳодисаи фавқулода дар Суғд
Хуҷанд, 12.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар давоми соли 2014 дар худуди вилояти Суғд 7 ҳодисаи фавкулодаи дорои хусусияти табиӣ ва 669 ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти техногенӣ ба кайд гирифта шуд, ки маблағи зарари умумии расонидашуда 5 млн. 879 ҳазору 272 сомониро ташкил дод.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят иттилоъ доданд, дар натиҷаи рух додани ҳодисаҳои фавкулодае, ки хусусияти табиӣ ва техногенӣ доранд, 122 нафар фавтид. Ғайр аз ин дар дарёву обанборҳо бо сабабҳои гуногун 31 нафар ғарқ шуд.
Инчунин дар соли гузашта наҷотдиҳандагони ситод дар 48 амалиёти наҷотдиҳӣ, кофтукобӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода иштирок намуданд.
Барои пешрафти фаъолияти соҳа ва иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ, бо дастгирии мақомоти вилоятӣ ба ситоди мазкур 1 мошини «садамавӣ-наҷотдиҳӣ»-и тамғаи “Газел” барои ичрои корхои начотдихӣ дар шароити кӯҳӣ, 1 адад мошини «УАЗ-Патриот, тамғаи — 4102 МРР» барои иҷро намудани корҳои кимиёвӣ ва радиатсионӣ, 1 адад қаиқи наҷотдиҳӣ, таҷҳизоти алоқаи дохилӣ ва барои ҳайати даста аз ҷониби ситоди вилоятӣ 13 ҷузъ либоси махсуси наҷотдиҳии зимистона харид шуд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд






