75 соли соҳаи тандурустӣ
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Имрӯз, 12- уми январ зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов гуфт, ки ДДТТ аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун маркази асосии тарбияи мутахассисони дорои маълумоти олии соҳаи тандурустӣ 75 сол аст, ки рисолати тарбия ва тайёр намудани табибони олидараҷаро бар дӯш дорад. Дар тўли фаъолияти худ Донишгоҳ зиёда аз 37 ҳазор мутахассиси варзидаи соҳаро тайёр намуд, ки онҳо ҳам дар ватани азизамон ва ҳам дар хориҷи кишвар сарбаландона фаъолият менамоянд.
Дар соли 2014 шумораи донишҷўён аз 7793 нафар, шумораи магистрҳо, ординаторҳо клиникӣ, интернаҳо аз 696 нафар, шумораи шунавандагони Маркази омодагии қалбӣ аз 683 нафар, шумораи унвонҷўён ва аспиранту доктарантҳо аз 207 нафар иборат мебошад, ки дар маҷмўъ, 9379 нафар муҳассил ба таҳсил фаро гирифта шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






