8 720 сомонӣ ҷаримаи муҳоҷирони хориҷӣ
Душанбе, 09.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Яке аз масъалаҳои мубраме, ки 8 январ дар ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор дошт, ин робитаҳои байналмилалӣ байни корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ бо ширкатҳои хориҷии дуру наздик мебошад. Ба гуфтаи масъулин сохтмони иншоотҳои хурду калон сол то сол зиёд гардида, ҷойҳои нави корӣ бо назардошти ҷалби муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ ва шаҳрвандони кишварамон таъсис дода мешаванд.
Дар соли ҷорӣ ба 6736 (соли 2013-5895) нафар шаҳрванди хориҷӣ иҷозат барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 841 нафар зиёд мебошад.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дорои иҷозат барои кор мебошанд, асосан дар саноат-1444 нафар, сохтмон-2132, соҳаи савдо-479, хоҷагии манзилию коммуналӣ-192, тандурустӣ ва варзиш-191 нафар, нақлиёт-42, алоқа-109, хочагии кишлок-41, маориф -76, геология-274, дигар соҳаҳои истеҳсолот-1415, дигар соҳаҳо 341 нафар, ки онҳо намояндагони 61 давлати хориҷи дуру наздик мебошанд, фаъолияти меҳнатӣ менамоянд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумхурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ амалиёти «Нелегал 2014» гузарониданд.
Масъулини Хадамоти муҳоҷират дар ин санҷишҳо нисбат ба 15 нафар шахрванди хориҷӣ протокол тартиб дода, ба маблағи 8720 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






