887 аризаи довталабон барои интихоби 6 ихтисос
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- «Бо мақсади ҷалби бештари хатмкунандагони мактабҳои ҷумҳурӣ ба филиал дар соли 2014 тадбирҳои зарурии услуби интихоби касбӣ андешида шуданд. Филиал Литсейи худро дорад, ки дар он мақсаднок тайёр намудани довталабони эҳтимолии филиал ба роҳ монда шуда, дар давоми сол дар филиал инчунин шуъбаи тайёрӣ низ амал намуд»,-гуфт Абдулҳамид Нозимов, ректори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов имрӯз, 28-уми январ зимни нишасти матбуотӣ.
Гуфта мешавад, ки чораҳои андешидашуда миқдори довталабони филиалро афзун намуд. Ба комиссияи қабули филиал 887 аризаи довталабон ба 119 ҷойи буҷавӣ ва 59 ҷойи шартномавӣ аз рӯи 6 ихтисос ворид гардид. Пас аз супурдани имтиҳонҳо ба филиал 178 нафар донишҷӯ қабул гардид.
Нишондиҳандаи сатҳи баланди омодагии хатмкунандагон он аст, ки 19 нафар ё ин ки 40 — фоизи хатмкунандагони соли 2014 таҳсили худро дар зинаи дуюми таълим — яъне магистратура идома дод. Аз ин миқдор 9 нафар берун аз Тоҷикистон таҳсил менамояд: (Дар ДДМ — 3 нафар, мактаби олии иқтисод дар Маскав — 2 нафар, Италия — 1 нафар, Қазоқистон — 1 нафар). Даҳ нафар аз хатмкунандагони филиал ба магистратураи пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






