897 медали варзишгарони тоҷик дар соли 2014
Душанбе, 08.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Дар соли 2014 варзишгарони дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои мухталифи варзиш, ки 1510 нафарро ташкил мекунанд, дар 90 чемпионати ҷаҳон, Осиё, Ҷоми ҷаҳон “Гран При” ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 897 медал, аз ҷумла 250 тилло, 243 нуқра ва 404 биринҷӣ гардиданд.
Тавре ки дар ин бора раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни ҳисоботи яксолаи кумита иттилоъ дод: бори нахуст аз 2-юм то 11-уми августи соли 2014 дар шаҳри Душанбе чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо (ITF) бо иштироки беш аз 600 варзишгар аз 52 кишвар дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин чемпионат Тоҷикистон баъди Корея ва Русия ҷойи сеюмро бо ба даст овардани 35 медал соҳиб гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






