А. Ғоиб: Тафтиши 549 парвандаи ҷиноятӣ ба итмом расид

Январь 26, 2015 17:01

Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -«Дар давоми 12 моҳи соли 2014 аз ҷониби муфаттишони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  770 парвандаи  ҷиноятӣ ба истеҳсолот қабул шуда, тафтиши 549 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 649 нафар ба итмом расониданд, ки аз ин ҳисоб тафтиши 423 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 505 нафар бо тартиб додани фикри айбдоркунӣ ба анҷом расонида шуда, барои ба суд ирсол намудан ба прокуратура пешниҳод шудааст»,- изҳор дошт директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.  
Вай ҳамчунин зикр намуд, ки дар ин давра кормандони агентӣ фаъолияти худро дар самти пешгирии коррупсия боз ҳам тақвият бахшида, 900 адад ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқамандро ошкор карданд, ки дар натиҷа ба маблағи умумии 747,2 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ шуда, аз ин маблағ то давраи ҳисоботӣ 722,3 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат ворид  шудааст.

Январь 26, 2015 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!