А. Қодирӣ: дар соли 2014 -3000 ҷои кор таъсис шуд

Январь 14, 2015 09:13

    Хуҷанд, 14.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир намуд, ки зимни он роҳбари вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят дар давоми соли 2014 гузориш дод.    Аз ҷумла, Абдураҳмон Қодирӣ қайд намуд, ки соли 2014 соли амалишавии чанд барнома, алалхусус  дар самти ислоҳоти кишоварзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ободонии роҳҳо буд. Ба гуфти роҳбари вилоят мақомоти вилоят тасмим дорад дар соли равон низ чунин иқдомҳоро амалӣ созад. Дар масъалаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар соли 2014 — 40 адад марказҳои омузишӣ таъсис дода шуд, ки шумораи он ба гуфти раиси вилоят дар соли равон бояд ба 150 адад расонида шавад.
Дар самти ободонии роҳҳо А.Қодирӣ зикр намуд, ки дар миқёси вилояти Суғд ба ҷои  2350 км роҳҳои барои таъмиру таҷдид ба нақшагирифта шуда, корҳо дар масоҳати 2826,4 км ба анҷом расонида шуданд, ки корбарӣ дар ин самт дар соли 2015 дар масоҳати 3119 км ба нақша гирифта шуда, барои амалишавии он 91 миллион сомонӣ ҷудо хоҳад шуд. Ба иттилои раиси вилоят дар самти ба корандозии коргоҳҳои хурду миёна дар миқёси вилоят 164 коргоҳ бо ташкили наздик ба 3 000 ҷои кории нав рӯи кор омад, ки дар соли 2015 дар нақша ба истифодадиҳии 170 коргоҳ ба ҳисоб гирифта шудааст. Вобаста ба нақшаи даромад ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот А. Қодирӣ илова намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ  нақшаи даромади умумии буҷети давлатӣ  ба андозаи 103,1%  ва буҷети маҳаллии вилоятӣ  102,8% иҷро гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 3,8 млрд. сомонӣ расонида шуд. 
Вобаста ба нақшаи чорабиниҳо дар соли 2015 раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳор намуд, ки дар соли равон дар қаламрави вилоят ба ғайр аз баргузории интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, таҷлили Наврӯз дар Хуҷандшаҳр бо иштироки Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, таҷдид ва навсозии боғи Камоли Хуҷандӣ дар Хуҷанд,  инчунин вобаста ба эълони соли 2015 “Соли рушди фарҳанг ва гулҳо” — корҳои сохтмониву ободонӣ, азхуднамоии заминҳои мавзеи “Сомғор”, ки дар натиҷаи амалӣ намудани марҳилаи аввали он барои 1000 гектар ба ин мавзеъ об бароварда шуда, ҳадаф бунёди шаҳраки нав ва зинабоғҳост, таъсиси коргоҳҳои нав, анчомдиҳии корҳо дар самти ислоҳоти замин ва азнавташкилдиҳии хоҷагихои деҳқонӣ, ташкили марказҳои омӯзишӣ барои бонувону духтарон, ташкили комплексҳои ширию гӯштӣ дар ноҳия идома хоҳад ёфт.
 
 

Январь 14, 2015 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид