А. Исматзода: 18 720 сомонӣ маблағи зарар барқарор шуд
Душанбе, 20.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- То 1 январи соли равон дар ташкилоту муассисаҳои низоми Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҶТ ба миқдори 114 тонна чормағз, 56 тонна писта, 97 тонна меваи хушк, 723 тонна ғаллагӣ, 199 тонна сабзавот ва полезиҳо, 286 тонна картошка, 40 тонна меваи хуч, 15,2 тонна асали молӣ ва дигар маҳсулоти ҷангал ва кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Ин нуктаро имрӯз, 20 январ зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҶТ Азизулло Исматзода ироа намуд.
Дар соли 2014 хоҷагиҳои ҷангал оид ба саршумор ва наслгирӣ аз ҳайвони шохдори калон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
«Дар давоми соли 2014- 144 ҳодисаи шикори ғайриқонунӣ ба маблағи умумии 18 720 сомонӣ ошкор гардида, маблағи зарар пурра барқарор шуд»,-гуфт А.Исматзода.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






