А.Раҳимзода : «Корманд бояд поквиҷдонона кор кунад»
Душанбе, 09.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Бо ибтикори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ҶТ 9 январ дар шаҳри Душанбе семинар — машварати кормандони ҷузъу томи Дастгоҳи марказии ВКД шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар семинар беш аз 9 мавзӯъ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъанот ва расму оини Ҷумҳурии Тоҷикистон» санадҳои меъёрию ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчунин «Низомнома дар бораи ташкили тарбиятгарӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ», «Дар бораи эълони Низомномаи Шӯрои занони Вазорати корҳои дохилӣ» мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамзамон вазъи интизоми хидматӣ ва риояи қонуният байни ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ баррасӣ шуд.
Сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон зимни суханрониаш зикр намуд, ки ҳар корманди дастгоҳи кадрҳо бояд поквиҷдонона кор ва мутобиқи талабҳои қонуни амалкунанда фаъолият намояд.
Дар анҷоми семинар — машварат бархе кормандони масъули ВКД ҶТ пешниҳодҳояшонро ҷиҳати беҳдошти кор дар ин самт арза доштанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






