Афзоиши ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистону ИА имкон дорад
Душанбе, 14.01.2015. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- 13 январ дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, сафир Ҳидоят Бишчевич баргузор гардид.
Тавре ки аз маркази матбуоти ПСС ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии ҶТ ба шумор меравад.
Ба гуфтаи раиси ПСС ҶТ Шариф Саид, дар шароити Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат ин маънои саъю кӯшишҳои ҷумҳурӣ баҳри афзун намудани бозорҳои тиҷорат, зиёд намудани неруи содиротии амволи рақобатпазири ватанӣ, ҳамчунин мавҷудияти захираҳои ғании табиӣ ва рушди бахши инфиродии самти истеҳсолиро дорад.
— Палатаи савдо ва саноати ҶТ баъди ташкили иқтисоди бозаргонӣ мақоми пули тиҷоратии байни давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро касб кардлааст, — гуфт раиси ПСС ҶТ. — Имрӯз дар кишвар шароити ҳуқуқӣ барои фаъолияти сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст.
Шариф Саид зимни суханрониаш неруи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ҷумҳурӣ, имтиёзҳои сармоягузорони инфиродӣ, самтҳои асосии бахши ислоҳоти иқтисодӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хотирнишон сохт.
Раиси ПСС ҶТ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба равобити зичи миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар бахши тиҷорати байналмилалӣ, неруи барқ, истихроҷ ва коркарди маъдан, технологияҳои муосир, ҳамкории илмию техникӣ ва ғайра ҷалб намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






