Афзоиши маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводорӣ
Душанбе, 24.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2014 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 21021,9 млн. сомониро ташкил дод. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 бо нархҳои муқоисавӣ 4,5 фоиз, аз ҷумла ҳаҷми маҳсулоти растанипарварӣ 14532,8млн. сомонӣ ё 0,9 фоиз зиёд ва чорводорӣ 6489,1 млн. сомонӣ 12,5 фоиз зиёд шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2014 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 1549469 тонна сабзавот, 545692 тонна полизӣ, 342131 тонна мева, 188840 тонна ангур истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2013 сабзавот 4,0 фоиз полизӣ 10,2 фоиз, мева 4,2 фоиз, ангур 7,7 фоиз зиёд мебошад. Ғалладона дар ҳаҷми 1317814 тонна, пахта 372654 тонна, картошка 853714 тонна истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2013 ғалладона 5,4 фоиз, пахта 5,1 фоиз ва картошка 23,5 фоиз кам мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






