Афзоиши маҳсулоти саноатӣ ба 105 дарсад расид
Душанбе, 22.01.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар 11 моҳи соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ 9 млрд 241 млн сомониро ташкил додааст, ки суръати афзоиш дар ин давра ба 105 дарсад баробар гаштааст.
Тавре ки дар нишасти хабарии Вазорати саноат ва технологияҳои нав таъкид гардид, рушди саноат ғайр аз ноҳияҳои тобеъ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ВМКБ 106,4 дарсад, вилояти Суғд 129,6, вилояти Хатлон 115,6 ва шаҳри Душанбе 121,2 дарсадиро ташкил доданд.
Гуфта шуд, аз рӯи нишондиҳандаҳо дар 11 моҳи соли 2014 афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои таъмин гардида, дар соҳаи саноати ангишт 153,3 дарсад, саноати маъдани куҳӣ 112,3 дарсад, саноати масолеҳи сохтмон 2,2 дарсад, саноати сабук, 120,4 дарсад, саноати мошинсозӣ беш аз 100 дарсад, саноати табъу нашр 131,3 дарсад ва электроэнергетика 107,4 дарсадро ташкил дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






