Афзоиши молу маҳсулот дар соҳаи матлубот
Душанбе, 16.01.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Корхонаҳои истеҳсолии соҳаи матлубот дар давоми соли 2014 ба маблағи зиёда аз 25 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2013 ба қадри 3,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Гулнора Кокова иттилоъ дод.
Вай афзуд, ки аз ҷумла молҳои хӯрокворӣ ба маблағи 24 миллион сомонӣ истеҳсол гардида, ҳаҷми истеҳсоли консерва ба 8,4 миллион қуттии шартӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2013-ум 1 миллион қуттии шартӣ зиёд аст.
«Дар бозорҳои соҳа, дар соли ҳисоботӣ, маблағи пардохти доимии яквақта 10,9 миллион сомониро ташкил дода, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ба 5,3 миллион сомонӣ расонида шуд. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2013 мутаносибан 88 ҳазор сомонӣ ва 812 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад», тазаккур дод Г. Кокова.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






