Афзоиши сармояи хориҷӣ
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли 2014 нисбат ба соли 2013-ум 212,2 миллион доллари ИМА зиёд гаштааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим иттилоъ дод.
Вай илова намуд, ки аз ҷумла сармоягузории мустақим 78,7 миллион доллари амрикоӣ, дигар намуди сармоягузориҳо 132,7 миллион доллари амрикоӣ ва сармоягузории портфелӣ 816,8 ҳазор доллари амрикоӣ афзоиш ёфтааст.
«Сармояи мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои омӯзиши геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок — 135 млн. доллари ИМА, энергетика — 60 млн. доллари ИМА, алоқа — 34,5 млн. доллари ИМА, сохтмон — 22 млн. доллари ИМА, хизматрасонии молиявӣ — 21 млн. доллари ИМА, саноат — 4,6 млн. доллари ИМА, саноати сохтмонӣ — 4 млн. доллари ИМА, саноати хӯрокӣ — 3 млн. доллари ИМА, кишоварзӣ — 2,4 млн. доллари ИМА, савдо 2 млн. доллари ИМА ва дигар соҳаҳо 1 млн. доллари ИМА равона гаштааст», — зикр намуд Қ.Қосим.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






