Афзоиши ташкилотҳои қарзӣ дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 20.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар соли гузашта 138 ададро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2013 шумораи бонкҳо 1 адад ва филиалҳои онҳо 17 адад зиёд гардидааст,-зикр кард имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов.
Бино ба ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми сол 17 бонк, 120 ташкилоти маблағгузории хурд, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ ва 344 филиали бонкҳо ташкил ва ба фаъолият пардохт. Ҳамчунин дар миқёси ҷумҳурӣ дар соли 2014 1539 адад нуқтаи мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба аввали сол 115 адад зиёд мебошад. Аз ин нуқтаҳо 645 адад ба шаҳри Душанбе, 424 адад ба вилояти Суғд, 204 адад ба вилояти Хатлон, 40 адад ба вилояти МКБ ва 226 адад ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меоянд,-иттилоъ дода шуд дар нишасти хабарии Бонки миллии Тоҷикистон.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






