АИТ: 50 чорабиниҳои илмии байналмилалӣ дар як сол
Душанбе, 07.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар соли 2014 аз тарафи муассисаҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон беш аз 50 чорабинии илмии байналмилалӣ гузаронида шуд, ки олимону мутахассисони соҳаро сари як миз ҷамъ овард,- гуфт Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон зимни ҳисоботи солонаи АИТ ба хабарнигорон, ки имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии «Иттилоот ва муошират» доир гардид.
Бино ба иттилои мавсуф, аз ин чорабиниҳо 2-тоаш симпозиуми байналмилалӣ, 8-то конфронси байналмилалӣ, 2-то семинари байналмилалӣ буда, 39-тои дигар конфронсу семинарҳои дохилиҷумҳуриявӣ буданд.
Ҳамчунин дар ин давра якчанд курси омӯзишии ҷумҳуриявию минтақавӣ гузаронида шудааст,-афзуд Ф. Раҳимӣ, президенти АИТ дар нишаст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






