«АксесБонк Тоҷикистон»: анҷоми муваффақи соли 2014

Январь 5, 2015 11:00

Душанбе, 05.01.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» натиҷаҳои соли 2014-ро ҷамъбаст кард, ки ин барои бонк соли аз ҳама бобарор ва натиҷабахш дар давраи 5 соли фаъолияти амалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ин бора раиси Раёсати ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» Катарина Шахтнер иттилоъ додааст.
Дар бораи комёбиҳои асосии бонк мавсуф чунин гуфт: «Дар соли ҷорӣ мо дороиҳои худро як андоза зиёд намудем, даромади баланд ба даст овардем ва саҳми худро дар рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат бо самар гузоштем ва гузошта истодаем.  Ба шарофати меҳнати моҳирона ва стратегияи рақобатпазир, мо мавқеи худро дар бозори молиявии Тоҷикистон мустаҳкам намудем, дар минтақаҳо шумораи филиалҳои худро афзудем, мизоҷони зиёдро ҷалб карда дастрасиро ба хизматрасониҳои манфиатнок ва маҳсулотҳои пуршаффофи бонкӣ беҳтар  намудем. 
Гуфтан ба маврид аст, ки сандуқи қарзии «АксесБонк Тоҷикистон» ба 53 миллион доллари ИМА расид, дороиҳои бонк беш аз 62 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Аз аввали фаъолияти худ то ба имрӯз мо қариб 34,000 қарз додем. Сандуқи депозитӣ дар соли 2014 хеле хуб инкишоф ёфт ва 2,5 баробар то ба 4 миллион доллари ИМА афзуд. Шумораи кормандони бонк чоряк афзуд ва ба 441 нафар мутахассиси касбӣ расид. Ин нишондиҳандаҳои баланд дар бораи устуворӣ ва эътимодияти бонки мо шаҳодат медиҳанд, ки маҳсули ҳурмату эҳтиром ва боварии мизоҷони мо мебошад. Мехоҳам ба дастаи касбии бонк барои якдилӣ, натиҷаҳои баланд, ягонагӣ ва бо муваффақият амалӣ намудани лоиҳаҳои муҳим баҳри некуаҳволии сокинони мамлакат изҳори миннатдорӣ намоям. Соли 2015 барои «АксесБонк Тоҷикистон» соли ҷашнӣ мебошад. 7-уми апрели соли 2015 бонки мо 5 сола мешавад ва дар пеш чорабиниҳои гуногуни шавқовар ба нақша гирифта шудаанд. Дар соли нав  баландшавии сандуқи қарзӣ ва депозитӣ, даромаднокии баланд, беҳтар шудани сифати корӣ ва кушодашавии се филиали нав дар назар аст», гуфт Катарина Шахтнер, раиси Раёсати ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон».
Гуфта мешавад, ки рӯйдодҳои муҳими соли 2014 барои бонк кушодашавии намояндагӣ дар шаҳрҳои Қурғонтеппа, Хуҷанд ва Истаравшан мебошанд. Дар натиҷаи васеъ шудани шабака миқдори умумии филиалҳо ва шуъбаҳои «АксесБонк Тоҷикистон»  ба 9 адад намояндагӣ расид, ки дар се минтақаи мамлакат бо муваффақият кор бурда истодаанд.  
 

Январь 5, 2015 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!