Андозсупорандагони беҳтарини соли 2014
Душанбе, 16.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасманд ва руҳбаланд кардани андозсупорандагон, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо ҳар сол дар ҷамъбасти соли андоз беҳтарин андозсупорандаи солро интихоб менамояд.
Бо ин мақсад дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссия таъсис дода шудааст, ки он нишондиҳандаҳои субъектҳои хоҷагидорро аз рўи меъёрҳо омўхта, беҳтарин андозсупорандагони солро муайян менамоянд.
Дар маҷмӯъ барои муайян намудани беҳтарин андозсупорандагони сол меъёрҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд: ҳиссаи андозҳои ҳисоб ва пардохтшуда дар ҳаҷми даромади умумии андозсупоранда, шумораи кормандони кироя ва фонди музди меҳнат дар соҳаи фаъолият, дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намудани эъломияҳои андоз, дуруст ҳособ намудан ва дар муҳлатҳои муқарраршуда пардохт намудани андозҳо, нисбат ба соли гузашта зиёд намудани ҳаҷми маблағи андозҳои ҳисоб ва пардохтшуда, роҳ надодан ба қонунвайронкунии андоз ва зоҳир намудани масъулияти баланди андозсупорӣ.
Бино ба иттилои кумитаи мазкур дар асоси омўзиши нишондиҳандаҳо комиссия ба хулоса омад, ки дар соли 2014 ба унвони баланди «Андозсупорандаи беҳтарини сол» субъектҳои хоҷагидори зерин:
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр Семент» аз ноҳияи Ёвон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таком» аз шаҳри Душанбе, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи шири Саодат» аз шаҳри Душанбе, Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи «Туризм Промоушн Сервисез Таджикистан» аз шаҳри Душанбе, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳористон» аз шаҳри Қайроққум сазовор дониста шаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






