Ардашер Қодирӣ ба Яман рафт
Душанбе, 8.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Ардашер Қодирӣ бо супориши вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман, ҳамоҳангсозии берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати пеш омадани зарурат ва мусоидат дар озодкунии Гулрухсор Рофиева ба Яман сафар намуд.
6 январи соли 2015 Ардашер Қодирӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Яман Абдулло Ал-Соидӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат Сафири Тоҷикистон дархости вазири корҳои хориҷӣ С.Асловро ҷиҳати иқдомоти бештари ҷониби яманӣ дар раҳоиши шаҳрванди Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева баён дошт. Ҷониби яманӣ таъкид кард, ки мавзӯи шаҳрванди Тоҷикистон дар авлавият қарор дорад ва пайгирии раҳоиши ӯ идома дорад.
Худи ҳамон рӯз вохӯрии сафир А.Қодирӣ бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Яман Ҷамол Рувайшон доир гашт, ки зимни он аз ҷониби яманӣ дархост гашт, то дар раҳоии шаҳрванди Тоҷикистон ҷаҳди бештар намоянд.
Ҷамол Рувайшон иброз дошт, ки мавзӯи мазкурро зери назорати шахсӣ мегирад ва мекӯшад, то дар фурсати кӯтоҳтарин натиҷа ба даст ояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






