Асали Варзоб шифобахш аст
Варзоб, 13.01.2015. (А МИТ “Ховар”, Ҳотами Шариф).- Дараи Варзоб минтақаи истироҳатии замонавӣ буда, барои тозагии оби дарё ва муҳити зист мунтазам аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва бахши санитарию эпидиологии ноҳия санҷишҳо гузаронида мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ шуъбаи мазкур нисбат ба 526 нафар шахси воқеӣ ва мансабдор, ки ба қонуншиканӣ роҳ доданд, парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 41 ҳазору 720 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Ин матлаб зимни нишасти хабарӣ, ки дар ноҳияи Варзоб бо ширкати раиси ноҳия Акбар Ятимзода ва дигар масъулини мақомоти иҷроия доир гардид, ба саҳми хабарнигорон расонда шуд. Раиси ноҳия дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия маълумот дода афзуд, ки вобаста ба мавзеи ҷуғрофӣ, парвариши занбӯри асал дар ҳудуди ноҳия ба 5 ҳазор оила расонида шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






