Аввалин гӯштини юнонию римӣ дар соли 2015
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи юнонию римӣ баргузор гардид, ки дар он тамоми дӯстдорони ин намуди варзиш ҷалб шуданд. Кувваозмоиҳо ду рўз ҷараён гирифт, ки дар он беш аз 200 варзишгар дар вазнҳои мухталиф шурўъ аз 20 кг то 85 кг маҳорату ҳунари гӯштингирии худро нишон доданд. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин гузаронида шуданд.
Мусобиқаи кушод байни кўдакону наврасон ва ҷавонон пешбини шуд.
Ин аввалин мусобиқаи гӯштини юнонию римӣ дар соли 2015 буда, тибқи нақшаи масъулину мурабиён дар давоми соли ҷорӣ паҳлавонони кишварро як силсила мусобиқаҳои ҷумҳуриявию, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ интизор аст. Баъд аз рақобатҳои зиёд ғолибони ин мусобиқа маълум шуданд. Миёни кўдакон Эмоммаҳдӣ Шарифов, Тоҳир Амиров, Қурбоншоҳ Каналиев, Оятулло Қандов, Фирўз Мирзораҷабов, Ҳусейн Саидов ва дигарон мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Байни наврасону ҷавонон, дар вазни 46 кг Аламшоҳ Камолов, дар вазни 50 кг Давлаталӣ Шарифов, 54 кг Фирўз Шарифов, 58 кг Ислом Маҷидов, вазни 69 кг Ҷавоҳир Ҳакимов, 63 кг Азамад Мавлонбоҳимов, Суҳроб Абдулоев ва Ҳотамшоҳ Миров дар вазнҳои 76 ва 85 мақомҳои аввалро соҳиб шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






