Б.Мирзоев раиси Шӯрои доимии СААД интихоб шуд
Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Шӯрои доимии СААД дар ҷаласааш раиси навро интихоб карда, масоили рушди ҳамкорӣ дар бахши ҳарбию иқтисод ва тарбияи кадрҳои ҳарбиро баррасӣ намуд.
Тавре ки котиби матбуоти СААД Владимир Зайниддинов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, 22 январ ҷаласаи якуми Шӯрои доимии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 2015 баргузор гардид, ки дар он Дабири кулли СААД Николай Бордюжа ва сардори Ситоди муттаҳидаи Созмон генерал — лейтенант Александр Студеникин ширкат доштанд.
Бинобар соли 2015 ба Тоҷикистон гузаштани раисии СААД, масъала дар бораи раиси Шӯрои доимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, Намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Мирзоев раиси он интихоб гардид.
Дар ҷаласаи Шӯрои доимӣ лоиҳаи қарорҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки рушди ҳамкории ҳарбию иқтисодиро дар назар дорад, баррасӣ шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






