Бақияи умумии қарзҳо дар соли 2014
Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ).- «Бақияи умумии қарзҳо то моҳи декабри соли 2014 — ум 10,2 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 баробари 35,7 фоиз зиёд аст», — гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар нишасти матбуотӣ, ки 20 январ баргузор гардид.
Мувофиқи маълумоти фаврӣ, ҳаҷми умумии қарз дар ҳамин давра баробари 12,0 миллиард сомонӣ буд, ки нисбат ба соли 2013 баробари 35,8 фоиз зиёд аст. Дар давраи ҳисобот ҳаҷми қарзҳои пардохтшуда 9,8 миллиард сомониро ташкил дода, коэффитсиенти бозгардонии онҳо баробари 81,3 фоизи қарзҳои дар ин давра додашуда буд, ки нисбат ба соли 2013 баробари 5,2 банди фоизӣ зиёд аст.
Ҳаҷми қарзҳои хурд 6,2 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 баробари 29,7 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, ба минтақаҳои дурдасти кӯҳсори кишвар ба маблағи 1 миллиарду 144 миллиону 200 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки нисбат ба соли 2013 баробари 27,3 фоиз зиёд мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






