Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 03.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нияти сафар ба Федератсияи Россияро доранд, мерасонад, ки аз 1 январи соли 2015 вуруд, иқомат ва гузашти транзитӣ аз қаламрави Федератсияи Россия танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ сурат мегирад. Инчунин шахсони ноболиғ, ки ҳамроҳи волидайн ва намояндагони қонунии хеш ба Россия сафар доранд, бояд шиносномаҳои хориҷӣ дошта бошанд.Тибқи ёддошти расмии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то 1 январи соли 2015 ба қаламрави Федератсияи Россия бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (шиносномаи дохилӣ) ворид шудаанд, ҳуқуқҳояшон барои муроҷиат ба мақомоти минтақавии Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия барои барасмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ё тамдид намудани будубоши қонуниашон маҳдуд карда намешаванд. Барои чунин категорияи шаҳрвандон тарк кардани қаламрави Федератсияи Россия ба сабаби надоштани шиносномаи хориҷӣ пешбинӣ нашудааст.Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Россия бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (шиносномаи миллӣ) қарор доранд, метавонанд барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоянд:1) Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, шаҳри Москва, паскӯчаи Скатертный 19;2) Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа, кӯчаи Цурюпы 149;3) Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, кӯчаи Гражданская д. 2 литер “А”;4) Нуқтаи маълумотҷамкунӣ дар шаҳри Санкт-Петербург, гузаргоҳи Фонарный, хонаи 3;5) Нуқтаи маълумотҷамъкунӣ дар шаҳри Краснодар, кӯчаи 40-лет Победы 94.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






