Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон
Душанбе, 10.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалиёти «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2011 “Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015”, барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои ҷумҳурӣ барои солҳои 2009-2016, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи ҶТ аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 дар соли 2014 тадбирҳои муайян анҷом дода шуданд.
Инчунин бо 19 лоиҳаи санади меъёрҳои ҳуқуқӣ кор бурда шуда, аз тарафи агентӣ дар самти таъминотти ҳуқуқӣ ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳиянамудаи мақомоти болоӣ, вазорату идораҳо ва дигар муроҷиатҳо 35 хулосаи ҳуқуқӣ ирсол шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






