Баргузории намоиши либосҳо дар марказҳои дӯзандагӣ
Душанбе, 26.01.2015 (АМИТ Ховар, Фарзонаи Давлат).-Дар коргоҳҳои муштараки дӯзандагии Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ (р) ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баъд аз 2 моҳи омӯзиш ҷиҳати афзоиши ҳавасмандон миёни ҷавонондухтарон намоиши мӯдҳо доир шуд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи имдод хабар доданд, дар намоишгоҳ соҳибкорон ширкат намуда, ба пешравиҳои ҳунаромўзон таҳсин намуданд ва барои ҷалби онҳо ба кор изҳори омодагӣ намуданд.
Гуфта мешавад, дар чорабинии мазкур ҳамчунин намояндагони дафтари намояндагии Кумитаи имдоди Имом Хумайни (р) ва раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, таълимгирандагонро ба муносибати ҷиддӣ нисбат ба кор ва талош барои соҳиб шудан ба касб даъват карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






