Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод),- Ба иттилои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, раёсат ва коллективи устодону кормандони донишгоҳ ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015” дар самти беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, истифодаи шаклу усулҳои наву замонавии таълим, ворид шудан ба фозои ягонаи минтақавию ҷаҳонии таълим бо истифода аз технологияи ҳозиразамон, мустаҳкам намудани пояи илму таълим, беҳтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодии донишҷӯёну кормандони донишгоҳ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.
Бо мақсади беҳтар намудани сифати таълим дар донишгоҳ то имрӯз 70 тахтаи электронӣ харид ва насб шудааст, ки гузаронидани дарсҳо бо истифода аз технологияи наву муосир ва усулҳои нави таълимро таъмин менамояд. Ҳамчунин дар синфхонаҳои калони дарсӣ ва роҳравҳо 10 адад телевизор насб шудааст.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






