Баррасии изҳороти ҲКТ аз ҷониби КМИР

Январь 12, 2015 11:50

 
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи 7 январи соли 2015  8 нафар вакили Анҷумани 31-уми ғайринавбатии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ изҳороти хаттӣ пешниҳод намуданд, ки дар он масъалаҳои риоя нагардидани талаботи Оинномаи ҲКТ ҳангоми даъвати Анҷумани ғайринавбатии ҳизб ва интихоби вакилони анҷуман дарҷ шуда, талаб намудаанд, ки ба ин ҳолатҳо баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
КМИР гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, дар ҳамаи вилоятҳо ва баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар масъалаҳои дар ин изҳорот дарҷ гардидаро мавриди санҷиш қарор дод.
Натиҷаи санҷиш рӯзи 10-уми январи соли 2015 дар ҷаласи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо иштироки 5 нафар муаллифи изҳорот, роҳбарияти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва баъзе аз аъзои Президиуми Кумитаи марказии ҲКТ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд зикр намуд, ки ҳангоми аз ҷониби гурӯҳҳои кории КМИР санҷидани масъалаҳои мазкур маълум гардид, ки аз ҷониби кумитаҳои ҳизбии вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ талаботи Оинномаи ҲКТ ҳангоми баррасии масъалаҳои даъвати Анҷумани ғайринавбатии ҳизб ва интихоби вакилони анҷуман дар баъзе мавридҳо пурра риоя нагардидааст.
Диққати роҳбарияти ҲКТ ба камбудиҳои ҷойдошта ҷалб шуда, ҳамзамон тавсия гардид, ки ҳангоми баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ меъёрҳои Оинномаи ҳизб бояд пурра риоя шаванд.
Бо назардошти он, ки масъалаҳои пешбарии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тибқи  қонунгузории амалкунанда баррасӣ гардидааст, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба хулоса омад, ки  масъалаи бақайдгирии номзадҳои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мувофиқи тартиби умумии муқарраргардида дар ҷаласаҳои ояндаи КМИР мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
 
 
 

Январь 12, 2015 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд