Баррасии лоиҳаи «Сохтмони марҳилаи дуюми МБГ-2-и Душанбе»
Душанбе, 15.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва вакилони Мачлиси намояндагон Муҳаммадамин Ҳисоризода, Домулоҷон Ҷабборов, Сафаралӣ Гулов ва Нодира Турдиматова Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ», Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО», Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО», Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар хусуси «Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон», Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба «Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон», Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи «Сохтмони марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии-2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт», Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи «Сохтмони марҳилаи дуюми «Маркази барқу гармидиҳӣ-2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт»-ро бо вакилони мардумй баррасй намуданд.
Муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зимни баррасии созишномахои мазкур иброз намуд, ки созишномахои грантии мазкур ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Ҷамолиддин Нуралиев хамчунин таъкид намуд, ки мақсади асосии лоиҳа-ин аз пайваст намудани қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо шабакаҳои ҷумҳуриявии роҳи оҳан иборат мебошад. Амалишавии лоиҳа ба наздик шудани марказҳои иқтисодии ҷануби ҷумҳурӣ бо дигар минтақаҳои кишвар имкон дода, барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Дар оянда роҳи оҳани қитъаи Ваҳдат-Ёвон метавонад ҳалқаи пайвасткунанда бо Ҷумҳурии Мардумии Чин -Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон гардад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани баромадгоҳи иловагӣ ба бозорҳои байналмилалӣ имконият медиҳад.








Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад






