Баррасии зиёда аз 6000 парванда аз ҷониби Суди олӣ
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-«Соли сипаригардида дар марҳилаҳои гуногуни судӣ дар маҷмӯъ 6337 парванда ва дархосту пешниҳодҳо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд», -изҳор дошт раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Н. Абдуллозода ҳамчунин зикр намуд, ки дар марҳилаи якум 128 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва дархосту пешниҳодҳо баррасӣ гардиданд, ки 46 ададашро парвандаҳои ҷиноятӣ, 13-тоашро гражданӣ, 6-то оилавӣ, 47 ариза оид ба барқарор намудани муҳлати мурофиавӣ ва 16 -тои дигарашро дархосту пешниҳодҳо ташкил доданд.
«Бояд зикр намуд, ки аз 46 парвандаи ҷиноятии баррасишуда 43-тоаш нисбат ба 81 нафар бо баровардани ҳукми айбдоркунӣ анҷом ёфта, пешбурди 1 адад нисбат ба 2 судшаванда бинобар фавташон ва 2 парванда нисбат ба 2 нафар бинобар аз айбдоркунӣ даст кашидани айбдоркунандагони давлатӣ қатъ гардиданд», -афзуд раиси Суди олӣ.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






