Бастани беш аз 1 млн шартномаи суғуртавӣ дар як сол
Душанбе, 30.01.2015. (АМИТ«Ховар», Фотима Қувватова)- Имрӯз дар КВД «Тоҷиксуғурта» зимни нишасти матбуотӣ раиси корхона Аловуддин Сатторов иброз дошт, ки дар соли 2014 «Тоҷиксуғурта» оид ба фарогирии объектҳо бо хизмати суғуртавӣ миқдори бастани шартномаҳои суғуртавиро ба 1 миллиону 388 ҳазору 129 адад расонид, ки дар муқоиса ба соли 2013 4 ҳазору 500 шартнома зиёд аст.
Аз ҷумла, ба буҷети ҷумҳурӣ оид ба ҳамаи намудҳои андоз ва пардохтҳо 25 миллиону 556 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт шуд, ки аз ин 17 миллиону 290 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби 70 фоизи бақияи суғуртаи намудҳои ҳатмӣ ва 8 миллиону 266 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби дигар намудҳои андоз буда, нисбат ба соли 2013 657 ҳазор сомонӣ ё 2,6 фоиз зиёдтар мебошад.
Инчунин соли гузашта корхона бо Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба суғурта фаро гирифтани 6000 нафар шаҳрванди ба Ҳаҷ сафаркунанда шартнома ба имзо расонид, ки аз ин ҳисоб 360 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






