Беш аз 700 гектар ҷангалзори кӯҳна барқарор шуд
Душанбе, 20.01.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Соли 2014 аз ҷониби кормандогни Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои низоми он дар шоҳроҳҳои Душанбе- Ваҳдат- Кӯлоб, Душанбе- Хуҷанд, Душанбе- Қурғонтеппа ба миқдори 14,7 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ороишӣ шинонда шуд ва ин чорабинӣ дар соли ҷорӣ идома дода мешавад, — гуфт Азизулло Исматзода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҶТ имрӯз, 20-уми январ зимни нишасти матбуотӣ.
Гуфта мешавад, ки яке аз вазифаҳои афзалиятноки кормандони агентӣ ва ташкилоту муассисаҳои зертобеи он бунёд ва барқароркунии ҷангалҳо мансуб меёбад. Тибқи маълумоти МД хоҷагиҳои ҷангал ва КВД хоҷагиҳои ниҳолпарварии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то 1-уми январи соли 2015 дар ташкилоту муассисаҳои низоми агентӣ ба миқдори 1233 гектар ҷангалзори нав бунёд гардида, ба миқдори 752 гектар ҷангалзори кӯҳна барқарор шуда, дар майдони 11808 гектар корҳои нигоҳубини ҷангалзор гузаронда шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






