БМИМТ: арзиши лоиҳа 9,18 млн. доллари ИМА
Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Душанбе бо иштироки Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни нишаст директори иҷроияи БМИМТ Саидаҳмад Мирзоев ба хабарнигорон оид ба мақсади Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» маълумот дода, аз ҷумла зикр дошт, ки беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидой ва миёна дар минтақаи фарогири лоиҳа вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, бо роҳи бунёд ва истифодаи якхелаи сифати мувофиқ ва то андозае фарогири инфрасохтори васеи мактабӣ, инчунин ташкил намудан ва омӯзиши ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорон (АВО) дар мактабҳои лоиҳавӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки минтақаҳои фарогири барнома дар марҳилаи 3-юм 14 ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла, А. Ҷомӣ, Хуросон, Бохтар, Ҷиликӯл, Ч. Румӣ, Қумсангир, Вахш, Сарбанд, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Кӯлоб, Шӯрообод, ва Мӯминобод мебошанд. Лоиҳаи мазкур тавассути маблағгузорӣ иваз кардани 14 бинои фарсудаи мактаби корношоям ба биноҳои нави мактаби аз ҷиҳати хароҷоти энергетикӣ ва истифода ба мақсад мувофиқ ва каммасраф пешбинӣ шудааст, ки дар айни замон барои таҳсил истифода мегарданд.
Арзиши умумии лоиҳа 9,18 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






