Бохти дастаи мунтахаби Тоҷикистон
Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар вохӯрии даври дуюми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Иттиҳод — 2015, ки дар шаҳри Санкт — Петербург идома дорад, бозиро бо ҳисоби 1:3 ба дастаи Африқои Ҷанубӣ бохт.
Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «С» дастаи мунтахаби Қазоқистон, ки дар даври якум бозиро ба дастаи ҷавонони Тоҷикистон бохта буд, бо ҳисоби 1:0 бар дастаи Литва ғолиб омад.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ аз рӯи натиҷаи ду давр бо 4 хол пешсафи ҷадвали мусобиқа аст. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қазоқистон се холӣ дошта, дастаи Литва 1 хол ба даст овардааст.
Дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар даври хотимавии марҳалаи гурӯҳӣ рӯзи сешанбеи 20 январ бо дастаи Литва вомехӯрад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






