Бойгардонии китобхонаҳо бо китоб
Душанбе, 24.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ дар соли сипаригардида Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб — 2014” фазои фарҳангии кишварро дар ҳамаи минтақаҳо хеле рангин гардонда, дар зинаи ҷамъбастиаш дар пойтахти кишвар дастаҳои ҳунарии ноҳияҳои Сино, Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат сазовори ҷои якум, Тоҷикобод, Зафаробод ва Фархор ҷои дуюм шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва ноҳияи Шуғнон соҳиби ҷои сеюм гаштанд.
Тавассути сафари “Корвони — китоб” фонди китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 45 243 нусха китоб ба маблағи 181206 сомонӣ мукаммал гардонида шуд.
Ҳамзамон даври ҷамъбастии фестивали минтақавии ансамблҳои тарона ва рақс таҳти унвони “Мо насли хушбахти замонем” баргузор гардида, барномаҳои беҳтарини ансамблҳои тарона ва рақс аз шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҷиргатол, Тоҷикобод, Роғун, Дарвоз, Мастчоҳ ва Ёвон дар пойтахти кишвар намоиш дода шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






