Бонки ҷаҳонӣ доираи қарзгириро васеъ мекунад
Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария ба Тоҷикистон барои беҳдошти дастрасӣ ба маблағгузории корхонаҳои хурду миёна ба манзури рушди минбаъдаи онҳо кумак мекунад.
Тавре ки аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ хабар доданд, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳошияи ин амалия барои муҳокимаи масъалаи беҳдошти дастрасӣ ба қарзгирӣ 22 январ дар шаҳри Душанбе конфронс доир намуданд.
Мувофиқи маърӯзаи таҳлилии Бонки ҷаҳонӣ дар мавзӯи «Роҳандозии тиҷорат дар соли 2015» кишвар дар ҷаҳон натиҷаҳои беҳтарин ба даст оварда, дастовардҳои он барои беҳдошти дастрасӣ ба қарзҳо ба дараҷаи баланд арзёбӣ шуданд. Ҳамзамон зикр шуд, ки ислоҳот дар ин бахш бояд густариш дода, низоми рушди маблағгузорӣ барои гарав мондани амволи манқул нав карда шавад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов зимни суханрониаш дар конфронс чунин гуфт: «Барои идома ёфтани раванди ислоҳот мо бояд лоиҳаи тағйирот ба қонуни амалкунандаро барои вусъат бахшидани мубодилаи судманди иттилооти бахши қарздиҳӣ ва ба гарав мондани амволи манқул таҳия намоем. Мо ҳамчунин бояд механизмҳои судманди маблағгузориро муайян карда, дастрасии корхонаҳои хурду миёна ба манбаъҳои мухталифи маблағгузориро беҳтар созем».








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






