Боркашонии транзитӣ- 1 млн. 735 ҳазор тонна
Душанбе, 20.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Комил Мирзоалиев, раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар давоми соли 2014 ҳаҷми боркашонӣ дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” 6 млн. 808 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 — 87 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Аз ҷумла боркашонии транзитӣ 1 млн. 735 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки назар ба соли 2013 — 165 ҳазор тонна ва соли 2009 — 7 млну 259 ҳазор тонна ва ё 80%8 фоиз кам шудааст.
Боркашонии хурди 5 млну 73 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта — 253 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Содироти молҳои хоҷагии халқ 516 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 — 21 ҳазор тонна кам буда, воридоти маҳсулот 4 млн. 345 ҳозор тонна ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта — 247 ҳазор тонна зиёд аст. Дар давоми соли ҳисоботӣ воридоти молҳо нисбат ба содирот 3 млну 829 ҳазор тонна ё 8,4 маротиба зиёд мебошад. Дар давоми соли 2014 бо қатораҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 168 ҳару 032 тонна маҳсулоти кишоварзӣ кашонида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






