Боздиди Қ. Расулзода аз навоҳии вилояти Суғд
Душанбе, 07.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Панҷакент маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ оғоз гардид.
Сарвазири кишвар ва ҳайати ҳамроҳонаш дар хоҷагии деҳқонии ба номи Фирдавсии шаҳри Панҷакент дар оғози бунёди боғи ниҳолҳои мевадиҳанда иштирок намуданд.
Ёдрас мешавем, ки бо дастури Президенти кишвар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор дорад. Дар доираи сафар Сарвазири кишвар бо ҷараёни корҳои таъмиру тармими нақби «Истиқлол», вазъи корҳои сохтмони роҳи Айнӣ-Панҷакент ва Корхонаи муштараки ҶДММ «Зарафшон» шинос шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






