Боздиди ҳайати ВКД ҶТ аз Молдова
Душанбе, 05.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Чанде пеш ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазир Умарзода Икром Ислом аз ВКД Ҷумҳурии Молдова боздид намуд.
Назар ба хабари ВКД ҶТ, мақсад аз ин сафар таҳқиқи таҷрибаи Ҷумҳурии Молдова дар амри мубориза бо хушунат дар хона, ташкили кор ба манзури муқовимат ба одамрабоӣ ва иҷрои кор бо ҷабрдидагони чунин ҷинояткориҳо, барқарор намудани равобити дуҷонибаи пулису аҳолӣ ва масоили дигари мубрам буд.
Дар ҷараёни мулоқоту боздид аз сохторҳои мухталифи Вазорати корҳои дохилии Молдова ба масъалаи хидматрасонӣ ба аҳолӣ, аз байн бурдани фасод ва азиятдиҳӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, истифодаи технологияҳои муосир ва самтҳои дигари мубориза бо ҷинояткорӣ буд.
Зикр шуд, ки таҷрибаи мусбати кори кормандони мақомоти корҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Молдова дар ислоҳоти милисаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта мешавад.
«Ҷонибҳо аз рӯи натиҷаи ин сафари хидматӣ изҳори итминон намуданд, ки чунин вохӯриҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳар ду кишвар мусоидат хоҳанд кард», — қайд менамояд манбаъ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






