Боздошти қочоқчӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ
Душанбе, 05.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Рӯзи якуми январи соли 2015 дар асоси хабари фаврӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар қитъаи отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти агентӣ иттилоъ доданд, як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон иборат аз шаш нафар сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид гаштанд. Ҳангоми аз тарафи кормандони агентӣ ва сарҳадбонони тоҷик дастгир шудан онҳо муқобилияти мусаллаҳ нишон доданд. Аз рӯи маълумот, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳ як нафар қочоқчии афғон захмӣ гардид. Қочоқчиёни боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба қаламрави Афғонистон фирор намуданд ва захмиро ҳамроҳи худ бурданд.
Дар ҷои ҳодиса кормандони агентӣ ва сарҳадбонони тоҷик гилзаҳои тири силоҳи оташфишон, ду телефони мобилӣ ва як халта бо 12 бастаи маводи қаҳваранги бӯи махсус доштаро дарёфт намуданд.
Мутобиқи хулосаи ташхиси судӣ маводи боздоштшуда афюн буда, вазни он 11 кг 838 граммро ташкил намуд.
Нисбат ба ин ҳодиса аз рӯи моддаҳои 200 қ. 4, 289 қ.2 ва 335 қ. 2 — “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон, “Қочоқ” ва “Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст”.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти агентӣ дар айни ҳол дар ҷои ҳодиса тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






