Боздошти 1678 иншоот барои вайрон кардани меъёрҳои санитарӣ
Душанбе, 07.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва зерсохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба иҷрои қоида ва меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ дар иншоотҳои зериназоратӣ санҷишҳо гузаронида шуда, барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои санитарӣ фаъолияти 1678 иншооти гуногун муваққатан боздошта шудааст.
Инчунин дар сатҳи ҷумҳурӣ 58156,25 кг маҳсулоти хӯрокворӣ, ки бинобар ба талаботи қоида ва меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯ набудан аз муомилот гирифта шуда, нисбат ба 11689 нафар шахси масъул протокол тартиб дода шуда, ба маблағи 1476538 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






