Боздошти 235 вайронкунандаи сарҳад
Душанбе, 22.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ҳафтаи сипаригардида дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов, муовини аввали раис, сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовинони роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ, сардорони раёсатҳо ва командирони ҷузъу томҳои Сарраёсат иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ-ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар соли 2014 баррасӣ гардида, барои соли 2015 вазифаҳои хизматӣ муайян шуданд. Зикр шуд, ки дар давраи сипаришуда аз тарафи ҳайати шахсии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ корҳои муайян доир ба ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, аз сарҳад гузаронидани шахсони воқеӣ ва воситаҳои нақлиёт гузаронида шуданд.
Хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 260 кг 567 гр. маводи нашъаовар, аз ҷумла: 67 кг 703 гр героин, 154 кг 706 гр афюн ва 1 038 кг 158 гр маводи гурӯҳи каннабис мусодира намуданд. 19 нафар қочоқчии маводи нашъаовар боздошт шуда, 398 929 бех ниҳоли банги ҳиндӣ нобуд карда шуд.
Дар давраи сипаришуда 125 далели вайрон кардани сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуда, 235 нафар вайронкунандагони сарҳад боздошт шуд. Дар ин давра 18 ҳодисаи задухӯрди мусаллаҳ ба қайд гирифта шудааст, ки 11 нафар вайронкунандаи сарҳади давлатӣ нобуд шуд. Дар соли 2014 сарҳадчиёни тоҷик 21 адад яроқи оташфишони гуногун, аз ҷумла, 11 адад милтиқ ва камони шикорӣ, ҳамчунин 1 668 дона тири гуногунқутр мусодира намуданд. Сарҳадчиёни тоҷик дар ин муддат 61 маротиба амалиёти махсус гузарониданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин зикр гардид, ки дар соли сипаришуда сатҳи ҷиноятҳо дар байни хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ хеле паст гардидааст.
Бо назардошти масъулияти вазифаҳои ба дӯши ин идора вогузоршуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими имконоти кадрӣ ва техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Як силсила чорабиниҳои аввалиндараҷа ҷиҳати таъсиси қисмҳои иловагии назорати сарҳадӣ, сафарбаркунии неруҳои инсонӣ, ҷорӣ намудани хизмати қарордодӣ, инкишофи заминаи таълимӣ андешида ва ба ин соҳа захираҳои иловагии молӣ ва ғайра равона шудаанд.
Дар чорчӯбаи барномаҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналхалқӣ ҷудо намудани маблағҳои калон барои сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, рушду таҳкими инфраструктураи сарҳадӣ, нуқтаҳои убуру мурур аз тариқи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, бо техникаи махсуси муосир таҷҳизонидани онҳо, ворид намудани воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти махсус пешбинӣ шудааст.
Вазъи дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба вуқӯъ омада аз сардорони раёсатҳо, командирони ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ҳамкориро бо сарҳадбонони ҳамсарҳади давлатҳои ҳамсоя вусъат бахшанд.
Мунтазам вохӯриҳои намояндагиҳои сарҳадӣ гузаронида мешаванд ва зимни онҳо масоили ҳамкории мутақобила ва муноқишоти пайдошуда ҳалл мегарданд.
Дар ҷаласа, баъзе норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Сарраёсат муҳокима гардида, барои бартараф намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ муайян шуданд. Ба роҳбарони раёсатҳо ва командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба сари вақт иҷро намудани чорабиниҳои ба нақша гирифта шуда супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа отрядҳои сарҳадӣ, дидбонгоҳҳои сарҳадии намунавӣ аз номи раиси кумита ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ бо мукофотҳо сазовор гаштанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






