Боздошти гумонбарони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир
Душанбе, 30.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия шаҳрванд Ҳасан Рустамов, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Мастчоҳро бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ў 10 кг 710 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
«Ҳамчунин зимни гузаронидани як амалиёти махсуси дигар дар ҳудуди ш. Душанбе сокини ноҳияи Нуробод Сафовуддин Тоибов, соли таваллудаш 1983 бо далели мазкур дастгир гардид. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ў ҳабҳои доирашакл мансуб ба маводи психотропӣ, ки вазни умумиашон 17,6727 граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира шуд.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






