Боздошти «майор» дар Суғд
Душанбе, 19.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кормандони прокуратураи ҳарбии вилоят дар ҳудуди шаҳри Конибодом 16 январ ҳангоми кӯшиши фурӯши маводи нашъаовар хизматчии ҳарбии яке аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо рутбаи “майор” боздошт гардида, аз ӯ як адад борхалтаи дорои 10 адад бастаи рангаш сабз бо бӯи махсус мусодира гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти агентӣ гурӯҳи фаврӣ се нафар аъзои боқимондаи гурӯҳро аз шаҳри Душанбе боздошт намуд ва ба Хуҷанд барои гузаронидани амалҳои тафтишотӣ равона кард.
Пас аз кофтукови ҳавлии боз як узви гурӯҳ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров саги хизматӣ бо лақаби “Дина” ба махфигоҳ дар боми каҳхона ишора намуд, ки дар он ҷо 5 дона зарфи нӯшокӣ бо маводи рангашон сафеду зардчатоб дарёфт шуданд.
Ҳамагӣ аз гурӯҳи ҷинояткор 23 кг маводи нашъаовар мусодира гардид, ки аз он 5 килограммашро героин ташкил менамояд.
Тавре ки тафтишоти пешакӣ нишон дод, аъзои гурӯҳи муташаккил ният доштанд интиқоли маводи нашъаоварро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба роҳ монанд, аммо кормандони Раёсати агентӣ пеши роҳи ин ҷиноятро гирифтанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Гурӯҳи тафтишоти Раёсати агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан дар ҳаҷми махсусан калон”) оғоз гардид.
Боздоштшудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати агентӣ ворид шуданд. Узви панҷуми гурӯҳ ҳоло дар кофтуков қарор дорад.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






