Бозгашти 2896 нафар аз муассисаҳои таълими динии хориҷӣ
Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Беш аз 3 ҳазор нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил менамоянд, ки бо дастгирии кумита зиёда аз 2 ҳазор нафари онҳо ба ватан баргардонида шуданд. Ин нуктаро Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 6 январ зимни ҳисоботи солонаи кумита таъкид кард.
Ба гуфтаи мавсуф, кумита тавассути кормандони шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълумотро оид ба теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамоянд, дастрас намуда, маълум кардааст, ки 3054 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил менамояд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар маҷмӯъ 2896 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шуданд, -гуфт Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






