Бозиҳои интихобӣ барои иштирок дар Мусобиқоти ҷаҳон — 2018

Январь 19, 2015 13:42

Душанбе,  19.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Назар  ба  хабари сомонаи  расмии ФИФА, Мусобиқоти ҷаҳони соли 2018  оид ба  футбол, ки дар  Русия  баргузор  мешавад, аз  нигоҳи шумораи  дастаҳои  мунтахаби  иштироккунандаи  мусобиқоти  интихобӣ беҳамто  аст.
Ҳамаи  209 ассотсиатсияи  миллии  футбол,  аз ҷумла Федератсияи  футболи  Тоҷикистон, барои  иштирок дар  бозиҳои  интихобӣ ба  қайд  гирифта  шудаанд. Ёдовар  мешавем, ки  дар  бозиҳои   интихобии  мусобиқоти  соли  2014 дар  Бразилия 204  дастаи  мунтахаби 208  кишвари   узви  ФИФА  иштирок  доштанд. 
Аз ин  пеш ҳарифони  аввалин  ду  даври бозиҳои  интихобии минтақаи  КОНКАКАФ (Конфедератсияи  футболи Амрикои Шимолию Марказӣ ва  кишварҳои  ҳавзаи  баҳри  Кариб)  муайян  шуданд. Қуръапартоии  даври  якуми  ин  минтақа  аввалин   воқеаи «футбол» — и мусобиқоти  ҷаҳони соли  2018  гардид. Бозиҳои  интихобӣ  дар Амрикои Марказию  Шимолӣ се  сол пеш  аз оғози  мусобиқоти  ниҳоӣ шурӯъ  мешаванд.  Дар  минтақаи КОНКАКАФ   35  даста  барои пайдо  намудани роҳхат ба  Русия  қувваозмоӣ  менамояд.
12  марти соли  ҷорӣ бозиҳои  интихобӣ  дар  минтақаи  Осиё оғоз меёбанд. Дар  даври  аввали  он  14  даста  иштирок  менамояд, ки онҳо  ба ҳафт  ҷуфт  тақсим  шудаанд. Ғолибони байни онҳо барои  иштирок   дар  вохӯриҳои  минбаъда  роҳхат пайдо  мекунанд. Бозиҳои  якум  12  март ва  вохӯриҳои  ҷавобӣ  17  март  баргузор  мешаванд.
Қуръапартоии  даври  дуюми   интихобӣ  дар  Осиё,  ки  дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  бояд  дар  он  иштирок  намояд, 17  апрел баргузор  мешавад. Дар  ин  гурӯҳ  40  даста ба ҳашт  гурӯҳ тақсим  мешаванд, ки  ҳар  гурӯҳи  он иборат аз панҷ  даста  аст. Ҳар  даста дар  ҳашт  вохӯрӣ  иштирок  менамояд. 
Мувофиқи  тақвими  Конфедератсияи  футболи Осиё,  бозиҳои марҳалаи   гурӯҳӣ  дар  мӯҳлатҳои  зерин  сурат  мегиранд: дар  соли 2015 — 11  июн (даври 1 — ум) ,  16  июн (даври  2- ум), 3  сентябр  (даври  3 — ум),  8  сентябр (даври 4 — ум),  8  октябр (даври 5 — ум), 13  октябр (даври 6 — ум), 12  ноябр (даври 7 — ум), 17 ноябр (даври 8 — ум).  Боз  ду вохӯрӣ  дар  гурӯҳҳо  соли  2016 — ум  24  март (даври 9 — ум) ва  29  март (даври 10 — ум) баргузор  мешавад. 
Ҳашт  ғолиби  гурӯҳҳо ва  чор   дастаи  беҳтарине, ки   ҷойҳои дуюмро  ишғол  кардаанд, дар  мусобиқот  барои  дарёфти Ҷоми  Осиё — 2019  ҳуқуқ  пай до  намуда,  дар  даври  сеюми  бозиҳои  интихобӣ  барои пайдо  намудани  ҳуқуқи  иштирок дар  мусобиқоти  ҷаҳони  соли  2018, ки   дар  Русия баргузор  мешавад, қувваозмоӣ  менамоянд. 
20 дастае, ки  дар  гурӯҳҳои  худ  дар  даври  дуюми бозиҳои  интихобӣ  ҷойҳои дуюм — чорумро   касб  намудааст,  муборизаро  барои  дарёфти 12  роҳхат  ба Ҷоми Осиё — 2019  давом  медиҳад. Дастаҳое, ки дар даври  дуюм  ҷойҳои охиринро  ишғол  кардаанд,  барои  муайян  шудани  боз  4  даста   ҷиҳати  иштирок  дар  даври  интихобии  Ҷоми  Осиё — 2019  қувваозмоӣ  менамоянд. 
Дар  силсилаи  интихобии Ҷоми  Осиё — 2019  шаш  гурӯҳ  ҳар  кадом  иборат  аз  4  даста   созмон  дода  мешавад. Бозиҳо дар  даври  дуюм  аз рӯи тартиби  «майдони  худ ва майдони  ҳариф»  сурат  мегиранд. Ду  дастаи ҷойҳои  якумро  ишғолнамудаи  ҳар  кадоми  шаш  гурӯҳ  барои  иштирок  дар қисми  ниҳоии Ҷоми  Осиё — 2019  роҳхат  мегиранд.
Бозиҳои  мусобиқоти  ҷаҳони 2018  аз  14  июн то  15  июл  дар  12  варзишгоҳи  11  шаҳри  Русия  аз  қабили  Маскав,  Санкт — Петербург,  Қазон,  Нижний Новгород, Саранск,  Калининград,  Волгоград,  Екатеринбург,  Самара,  Сочи ва  Ростови  лаби  Дон  баргузор  мешаванд.

Январь 19, 2015 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид