Бозомӯзии маорифчиён дар Кӯлоб
Душанбе, 30.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар таътили зимистонаи мактаббачагон филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯи нақшаи корӣ курсҳои бозомӯзиро оғоз намудааст, ки дар ин курсҳо шумораи зиёди омӯзгорон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Ба гуфти масъулин имсол 129 курси бозомӯзӣ ташкил шуда, мувофиқи нақша 3020 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба он фаро гирифта мешавад. Инчунин дар 33 семинари максаднок 785 нафар омӯзгор ҷалб хоҳад гардид. Омӯзгорон ташкили чунин курсҳоро ба фоидаи кор арзёбӣ карданд.
Маърифат Раҳимова, омӯзгор аз ноҳияи Муъминобод мегӯяд, дар курсҳои бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бештар аз васоити электронӣ истифода мешавад, ки ин усул ба омӯзгорон хеле писанд омадааст.
Дастрас намудани маводи таълимӣ аз шабакаи байналхалқии интернет кори омӯзгоронро дар муҳайё гардидани барномаҳои нави таълимӣ ва дастуру методҳо ба маротиб осон менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






