БРО ҳаҷми тахсиси маблағ ба Тоҷикистонро афзун мекунад
Душанбе, 15.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Соли 2015 Бонки рушди Осиё (БРО) ёрии худро ба Тоҷикистон баробари қариб 20 миллион доллари ИМА афзун намуда, барномаи солонаи ин кӯмакро ба 79 миллион доллари ИМА мерасонад.
«Бонки рушди Осиё аз рӯи натиҷаи арзёбии нави дастовардҳои миллӣ ҳаҷми солонаи маблағҳои барои Тоҷикистон тахсисдиҳандаро баробари 20 миллион доллари ИМА афзун намуда, вале рақами ниҳоии он вобаста ба гуфтушунид бо ҳукумат ва мавҷудияти маблағ метавонад тағйир ёбад», — гуфт намояндаи доимии БРО дар Тоҷикистон Си Си Ю.
Тавре ки аз намояндагии БРО дар Тоҷикистон хабар доданд, барномаи кӯмак дар соли 2015 барои дастгирии рушди бахши инфиродӣ, роҳҳои оҳан ва захираҳои об, ҳамчунин барои беҳдошти вазъи сармоягузорӣ истифода мешавад.
Аз ҷумлаи 79 миллион доллари ИМА 20 миллион он барои баланд бардоштани сифат ва судмандии таҳсилоти касбҳои техникии кишвар мавриди истифода қарор мегирад.
20 миллион доллари дигари ИМА барои барномаи дастгирии буҷа пешбинӣ шуда, дар ҳошияи он бархе ислоҳот ҷиҳати беҳдошти вазъи сармоягузорӣ барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ дар кишвар амалӣ мегардад.
БРО ҳамчунин барои беҳдошти истифодаи захираҳои об ва мувофиқат ба тағйири иқлим дар минтақаи обёрии Чубек лоиҳаеро дар ҳаҷми 30 миллион доллари ИМА таҳия менамояд. Ҳамчунин 9 миллион доллари ИМА барои тарҳрезии лоиҳаи бахши роҳҳои оҳан пешбинӣ шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






